Нерӯҳои Русия ба Украина бо 18 мушак зарба задаанд

Ирпин, наздикии Киев, 30-юми апрели 2023

Русия шаби гузашта ба Украина бо 18 мушак зарба задааст.

Фармондеҳони украинӣ мегӯянд, тақрибан ҳамаи онҳоро дар ҳаво зада нобуд карданд.

Миқёси талафот ва харобии ҳамлаҳои шаби 1-уми май ҳоло маълум нест.

Валерий Жалюзний, фармондеҳи кулли нерӯҳои Украина, дар саҳифааш дар Телеграм навишт, ки мушакҳо аз чандин корхонаи Русия ва соати 2:30 шаб партоб шуданд.

Ба навиштаи ӯ, аз миёни 18 мушак, системаи дифои ҳавоии Украина 15-тои онро маҳв кард.

Ба қавли мақомоти шаҳри Киев, тамоми мушакҳое, ки пойтахт ҳадафашон буд, аз байн бурда шуданд. Бар асоси иттилои пешакӣ, мардуми одӣ осеб надида, ягон бинои истиқоматӣ вайрон нашудааст.