Эътирози ронандагони мошинҳои боркаш дар Қазоқистон

Қазоқистон

Бештар аз сад ронандаи мошинҳои боркаш дар шоҳроҳи Актау-Жанаозени Қазоқистон эътироз доранд.

Ронандагон аз гароншавии сӯзишворӣ норозиянд. Дар ин эътироз ронандаҳо аз вилояти Мангистау иштирок доранд.

Ронандагон ба ҷуз аз норизоӣ аз гароншавии сӯзишворӣ ҳамчунин аз гаронии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сатҳи баланди бекорӣ ва маоши кам норозӣ ҳастанд.

Расонаҳои Қазоқистон навиштанд, ки талаби асосии ронандагон баргардондани нархи пештараи маводи сӯхт аст.

Дар миёнаҳои моҳи апрел мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки маводи сӯхт - бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар он кишвар гарон хоҳад шуд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, барои пешгирӣ аз содироти зиёди маводи сӯхт ба кишварҳои ҳамсоя ва таъмини талаботи бозори дохилӣ ин тасмимро гирифтаанд.