Раъйдиҳӣ барои даровардани тағйирот ба Конститутсияи Узбекистон ба поён расид.
Дар тарҳи нави Конститутсия муҳлати президентӣ аз 5 ба 7 сол дароз шудааст. Дар сурати мусбат будани натиҷаҳои раъйпурсӣ президенти ҳозираи Узбекистон Шавкат Мирзиёев метавонад, то соли 2040 дар қудрат бимонад.
Тағйирот ба Мирзиёев имкон медиҳад, ки ду давраи дигар президент интихоб шавад ва салоҳиятҳои президентро бештар созад.
Дар тарҳи нав омадааст, ки давлат вазифадор аст, шаҳрвандонро бо маоши ҳадди ақал, хона ва ёрии тиббӣ, инчунин дастрасӣ ба интернет таъмин созад. Бино ба тағйирот, ҳукми қатл дар Узбекистон манъ шудааст.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон (КМИР) хабар дод, ки дар раъйпурсии рӯзи якшанбе 80 дарсади сокинони қобили раъй иштирок карданд.
Баъзе аз расонаҳо аз қонуншиканӣ дар ҷараёни раъйпурсӣ хабар доданд.