Амрико: Остона дар давр задани таҳримҳо ба Русия "ёрӣ мекунад"

Мэтт Акселрод

"Интиқоли ашё ва молҳои таҳримшуда ба Русия тавассути Қазоқистон нақзи мустақими таҳримҳое мебошад, ки Вашингтон зидди Москва барои таҷовуз ба Украина ҷорӣ кардааст."

Ин нуктаро Мэтт Акселрод, масъули иҷрои сиёсати содиротии Вазорати савдои Амрико, рӯзи 25-уми апрел дар мулоқот бо хабарнигорон дар шаҳри Остона баён дошт.

Ба гуфтаи вай, баъд аз оғози ҷанг воридоти ашёе ба Қазоқистон афзоиш ёфтааст, ки "нигарониҳои бештарро ба миён меорад". Ҳамзамон содироти ин навъи молҳо аз Қазоқистон ба Русия низ якбора зиёд шудааст.

"Мо имрӯз дар бораи телефонҳои "iPhone" ё мошинҳои ҷомашӯӣ ҳарф намезанем. Сухан дар бораи қисмҳои мушаххаси электронӣ меравад. Онҳо барои таъмини нерӯи барқ, навигатсияи мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мешаванд, ки зери зарбаҳояшон дар Украина сокинони осоишта ва сарбозон ҷон медиҳанд”, - гуфт Акселрод.

Намояндаи Вазорати савдои Амрико Матт Акселрод ва ёвари вазири молияи ин кишвар дар мавриди мубориза бо маблағгузории терроризму ҷиноятҳои молӣ Элизабет Розенберг ҳамчунин мехоҳанд, ба Қирғизистон бираванд.

Акселрод гуфт, мақомоти амрикоӣ анҷоми сафарҳои ҳамсонро ба кишварҳои дигари минтақа дар назар доранд.