53 ҳамлаи нерӯҳои Русияро ба Украина рафъ кардаанд

Украина

Ситоди кулли нерӯҳои Украина рӯзи 22-юми апрел гуфт, артиши он кишвар "53 ҳамлаи Русияро ба Бахмут, Авдиевка, Маринка ва Шахтер" дар шарқи он кишвар зада гардонд.

Ба иттилои манбаъ, артиши Русия дар шабонарӯзи охир аз замину ҳаво даҳҳо ҳамла анҷом додааст.

Ҳамлаҳо дар ҳоле шиддат ёфтанд, ки ҳампаймонҳои ғарбии Украина дар Олмон масъалаи ёрӣ ба Киевро баррасӣ карданд.

Генерал Марк Милли, раиси Ситоди муштараки Амрико, дар як нишасти хабарӣ таҳкими системаи дифои ҳавоии Украинаро "вазифаи муҳим" номид.