Русия воридоти маҳсулоти шириро аз Қирғизистон боздошт.
"Росселхознадзор" рӯзи 21-уми апрел гуфт, ки пас аз санҷиши маҳсулоти ширӣ ва корхонаҳои шири Қирғизистон ба ин натиҷа расиданд.
Дар асл тасмими Маскав пас аз изҳороти як мансабдори Қирғизистон (19-уми апрели имсол) дар бораи омодагӣ ба гузаштан аз алифбои кириллӣ ба хати лотинӣ эълон шуд.
Русия солҳо боз "Росселхознадзор"-ро ҳамчун василаи фишор ба зидди ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, ки рафторашон ба Маскав писанд нест, истифода мебарад.
Дар Қазоқистон раванди гузаштан ба алифбои лотинӣ чанд сол боз идома дорад. Президенти собиқ Нурсултон Назарбоев дар соли 2017 ба ҳукуматаш дастур дода буд, ки то соли 2025 барои гузаштан ба алифбои лотинӣ омода шавад.
Дар Узбекистон аз соли 1993 ба ин тараф алифбои лотинӣ ва кириллӣ ҳамзамон амал мекунанд.
Туркманистон дар соли 1993 пурра аз хатти кириллӣ ба лотинӣ гузашт. Озарбойҷон дар моҳи декабри соли 1991 алифбои кириллиро ба лотинӣ иваз кард.