Шаҳрванди фирории Русия аз Қазоқистон паноҳандагӣ хостааст

Сокини шаҳри Элистаи Русия Игор Санҷиев дар суҳбат бо расонаи қазоқии "Mgorod.kz" гуфтааст, дар шаҳри Урали вилояти Қазоқистони Шимолӣ қарор дорад ва аз мақомоти ин кишвар дархости паноҳандагӣ намуд.

Ба гуфтаи Санҷиев, шуъбаи Кумитаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон дар вилоят рӯзи 13-уми апрел дархости ӯро пазируфта, шаҳодатномаи паноҳҷӯиро додааст.

Санҷиев мегӯяд, "мухолифи амалиёти низомӣ ва зидди зарар ба ҳама аст".

Шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ ба Санҷиев имкон медиҳад, ки ӯ то анҷоми раванди баррасии дархости паноҳандагияш дар Қазоқистон қонунӣ зиндагӣ кунад.

Ин хабарро Павел Кочетков, раиси бахши Бюрои ҳуқуқи башари Қазоқистон тасдиқ кардааст.

Дар шуъбаи Кумитаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон гуфтанд, шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ ба Санҷиев ба муҳлати се моҳ дода шудааст.

Игор Санджиев дар Элиста бинокор буд ва баъди эъломи басеҷ ӯро моҳи сентябри соли гузашта ба комиссариати ҳарбӣ даъват карданд. Аз онҷо ӯро ҳамроҳи даъватшудагони дигар барои тамрин ба қисми низомие бурдаанд. Санҷиев аз онҷо нахуст ба шаҳри Москва сипас ба Қазоқистон фирор кардааст.