Сергей Майоров, вакили мудофеи Давлатмурод Тоҷимуродов, муттаҳами асосии ҳодисаҳои Нуқус (Қарақалпоқистони Узбекистон), ки ба 16 сол зиндон маҳкум шудааст, ба унвонии президент, додситони кул ва вазири умури дохилии он кишвар муроҷиати видеоӣ нашр кард.
Майоров дар муроҷиатнома гуфт, шахси зери ҳимояи ӯ дар маҳбас латукӯб ва таҳқир мешавад.
"Вақте ӯро 6-уми апрел ба Тошканд оварданд, аввалин коре, ки карданд, мӯйсарашро тарошиданд. Ҳукми ӯ он замон ба иҷро надаромада буд ва гунаҳкор ба ҳисоб намерафт. Ин беқонунӣ буд. Зоҳиран, фармони мақомот буд. Ҳуҷрааш, ки дар он нигаҳдорӣ мешавад, шароити тоқатфарсо дорад. Ба ӯ болишт ва болопӯши бадбӯй додаанд. Ҳамаи ин бо мақсади паст задану таҳқир кардани ӯ сурат мегирад", - изҳор доштааст вакили дифоъ.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷимуродовро ҳамроҳи маҳбусоне нигаҳ медоранд, ки ба ӯ фишори ҷисмонӣ ва равонӣ меоранд. "Вақте 6-уми апрел Тоҷимуродовро ба Додгоҳи олии Узбекистон бурданд, маъмурони пулис ӯро дар роҳ латукӯб кардаанд. Ин амал дар маҳбас низ такрор шудааст", - афзуд Майоров.
Давлатмурод Тоҷимуродов, ки айбдоршавандаи асосии ҳодисаҳои Нуқус номида мешавад, бо иттиҳоме ба мисли "Тавтеа бо ҳадафи ғасби қудрат ё барҳам задани сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғорат бо роҳҳои азхуд кардан ё исрофкорӣ", "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ", "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки боиси хушунат ва зиёни молӣ шудааст" ва ғайра 16 сол зиндонӣ гардидааст.
Ба ҷуз ин, Тоҷимуродов ба ҷуброни зарари моддӣ дар ҳаҷми бештар аз 20 ҳазор доллари ИМА вазифадор шудааст. Пештар додситон барои вай 18 соли зиндон талаб карда буд.
Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.
Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.