Тоҷикистон фурӯши барқро зиёд кардааст

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон имсол фурӯши барқро ба кишварҳои ҳамсоя зиёд кардааст.

Дар се моҳи аввали соли 2023 аз кишвар ба маблағи беш аз 8,6 миллион доллар нерӯи барқ содирот кардаанд.

Ба иттилои Оҷонси омор, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5 дарсад бештар аст.

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қарордодҳо, ба Афғонистон тамоми сол ва ба Узбекистон танҳо дар фасли баҳору тобистон (аз моҳи май то август) нерӯи барқ медиҳад.

Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез будааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, аввал бояд мардум дар кишвар бо гармиву рӯшноӣ таъмин шаванд.

Ҳар сол аз оғози тирамоҳ то моҳи апрел ва ҳатто гоҳе дар тобистон низ шикоятҳо дар мавриди набудани барқ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон зиёд мешавад.