Дар Эрон 582 кас, аз ҷумла 16 зан ва 3 наврасро қатл кардаанд

Дар Эрон соли гузашта 582 касро эъдом кардаанд, ки нисбат ба соли 2021-ум 333 маврид бештар аст.

Дар ин бора дар гузориши муштараки созмонҳои "Iran Human Rights" ва "Together Against the Death Penalty", ки моҳи апрели имсол нашр гашт, гуфта шудааст.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, мақомоти Эрон 511 касро бидуни расонаӣ кардани ҳукми қатлашон эъдом карданд. Танҳо 71 кас баъд аз эъломи расмии ҳукми додгоҳ эъдом шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Эрон камш 16 зан ва 3 ноболиғро эъдом кардаанд.

288 кас (49 дарсади шумори умумии эъдомҳо) барои куштор ба қатл маҳкум шудаанд, ки баландтарин нишондод дар 15 соли ахир аст.

256 эъдоми дигар (44 дарсади шумори умумии эъдомҳо) марбут ба маводи мухаддир аст. Дар Эрон соли 2021 барои ин навъи ҷиноят 126 кас эъдом шуда буд. Ба гуфтаи муаллифон, 15 нафар бо ҷурми "ҷанг бар зидди Худо" маҳкум ба қатл гаштаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Эрон дар севуним моҳи соли 2023 аллакай 151 нафарро эъдом кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар бар ин назаранд, ки афзоиши ҳукмҳои эъдом нишон медиҳад, мақомоти Эрон аз ҳукми қатл ба унвони як василаи тарс додану саркӯб кардани норозиён ва ҳифзи суботи қудрати худ истифода мекунанд.