Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Фархор Самариддин Қурбонов, бародари Илҳомҷон Қурбонов, як фаъоли маданиро ба гумони "гирифтани пул аз шахсони таҳти пайгард" боздошт кардаанд. Мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз хабарро шарҳ надоданд.
Раҷаббӣ Пирова, модари Самариддин Қурбонов, гуфт, писарашро маъмурони милиса ба боздоштгоҳи муваққатии Кӯлоб бурдаанд.
"Дар боздоштгоҳ дидам, саломатиаш хуб аст. Барои як гапи телефонӣ дар бораи ин ки гуё аз хориҷа ба вай гуфтаанд, як миқдор маблағро аз фалон одам бигиру ба фарзандони зиндониҳо бидеҳ, дастгир шудааст. Худаш мегӯяд, ягон маблағ нагирифт. Вакили мудофеъ надорад," -- афзуд хонум Пирова рӯзи 20-уми апрел.
Илҳомҷон Қурбонов, бародари Самариддин, ки дар Аврупо қарор дорад, гуфт, эҳтимол барои фаъолиятҳои сиёсии ӯ ба бародараш фишор меоранд. Ӯ гуфт, мушкили хонаводааш пас аз иштироки ӯ дар тазоҳурот барои ҳимоят аз Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯи ихроҷшудаи тоҷик аз Олмон, бештар шуд.
"Самариддин дар Русия дар муҳоҷирати корӣ буд ва ба назди фарзандонаш баргашту дар як хоҷагии деҳқонии Фархор кор мекард. Иттиҳом баҳона аст, боздошти Самариддин ангезаҳои сиёсӣ дорад," -- илова кард ӯ.
Самариддин Қурбонов соҳиби ду фарзанд аст.
Боздошт ва гумонбар шудани ӯ барои дарёфти маблағ аз хориҷа мавриди нахустин набуда, дар моҳи майи соли гузашта панҷ нафар аз пайвандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Додгоҳи Хатлон аз 6 моҳ то 5, 5 сол ба зиндон маҳкум шуда буданд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли 2020 Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро бо чунин иттиҳом 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дона Набиев, сокини солманди ноҳияи Рӯдакӣ, низ бо гуноҳи дарёфти маблағ аз хориҷа ва кумак ба пайвандони аъзои зиндонии ҲНИТ ба зиндон маҳкум шуд. Дертар, баъди эътирози созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва бинобар беморӣ ӯро озод карданд.
Мақомот мегӯянд, иртибот ва додугирифт бо афроди таҳти пайгард ҷиноят аст. Мухолифон инро як навъ фишори мақомот ба наздикони фаъолони сиёсӣ аз ҷониби ҳукумат медонанд.