Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, 50-солагиашро дар маҳбас ва паси панҷара таҷлил мекунад.
Теъдоде аз дӯстонаш ӯро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ табрик гуфта, ибрози умед кардаанд, ки рӯзе озод хоҳад шуд.
Иззат Амонро моҳи марти соли 2021 аз Русия ихроҷ ва баъдан дар Тоҷикистон ба гуноҳи қаллобӣ ба 15 сол зиндон маҳкум карданд.
Худаш ва хешовандонаш гуфтанд, ӯ ҳеч гуноҳ надорад ва танҳо барои танқидҳои сахташ аз ҳукумату раҳбарони Тоҷикистон мақомот аз ӯ ниқор гирифтаанд.
Тарафдоронаш бовар доранд, ки боздошту зиндонӣ кардани Иззат Амон дорои ангезаҳои сиёсӣ буд ва ба танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад.
Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва баъзе аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.