Раҳмон аз "таҳдид ба истиқлоли кишварҳои хурд" гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикиаш ба муносибати Иди Рамазон дигарбора "аз мухолифат байни абарқудратҳои ҷаҳон ва таҳдид ба истиқлоли сиёсии кишварҳои хурд" суҳбат кардааст.

Иди Рамазон дар Тоҷикистон фардо 21-уми апрел ҷашн гирифта мешавад.

Дар паёми табрикии Эмомалии Раҳмон, ки рӯзи 20-уми апрел нашр шуд, омадааст, "бар асари мухолифату низоъҳо байни абарқудратҳо, таҳримҳо ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ вазъи минтақа ва ҷаҳон бисёр ҳассосу мураккаб шуда, сулҳу оромӣ ва ҳатто истиқлоли сиёсии давлатҳо осебпазир гардидааст."

Зоҳиран манзури ӯ ҷанги Русия дар Украина аст, ки ба иқтисоди Тоҷикистон ва самтгириҳои сиёсии он беасар намонд.