Думаи давлатии Русия тарҳи қонунро дар бораи ҳабси якумрӣ барои хиёнат ба давлат қабул кард. Айни замон қонунгузории Русия барои хиёнат ба давлат аз 12 то 20 сол зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл таъйин кардааст. Теъдоди ҳукмҳои додгоҳӣ бо ин модда баъди ҳамлаи Русия ба Украина афзоиш ёфтааст.
Тарҳи нави қонун ҳамчунин ҷазоро барои харобкорӣ ва терроризм сахттар ва барои мусоидат кардан дар иҷрои қарорҳои созмонҳое, ки дар Русия сабти ном нашудаанд, ҷазо таъйин мекунад.
Огоҳони умур мегӯянд, манзур Додгоҳи байналхалқии Гаага аст, ки дастури боздошти президенти Русия Владимир Путинро содир кардааст. Вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки ҷазои ниҳоӣ барои содир кардани ҳамлаи террористӣ 20 сол таъйин карда шавад. Айни замон ин модда 15 сол ҷазои ниҳоӣ дорад.
Баъди ҳамлаи Русия ба Украина теъдоди айбдоршавандаҳо дар тахрибкорӣ афзоиш ёфтааст. Дар соли 2022 додгоҳҳои Русия 11 ҳукми хиёнат ба давлат содир кардаанд.