Бо вуҷуди барномаи нави пулиси Эрон барои саркӯби мухолифони ҳиҷоб, гузоришу аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоёнгари муқовимати сахти занону духтарон ба ин барнома аст.
Рӯзи 17-уми апрел донишҷӯёни бахшҳои равоншиносӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи Теҳрон ба зидди амри пулис барои пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо эътироз карданд. Теъдоди зиёди занони дигар аксҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, ки дида мешавад, дар кӯчаву хиёбонҳо бе ҳиҷоб мегарданд.
Фармондеҳи пулиси Эрон рӯзи 16-уми апрел таҳдид кард, бо истифода аз камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳо занони беҳиҷобро ташхис карда ва дар сурати такрори ин қонуншиканӣ онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Дар Эрон аз соли 1983 қонуне амал мекунад, ки бар асоси он пӯшидани ҳиҷоб дар берун аз хона барои тамоми занон ҳатмист.