Дар 24 соат Русия ба Украина 70 ҳамла кардааст

Фурудгоҳи Луҳански Украина

Фармондеҳони Украина мегӯянд, неруҳои Русия ҳамлаҳои ҳавоӣ дар вилояти Донетскро идома доданд ва дар натиҷаи ҳамлаҳои яксараи онҳо аз тӯпхона дар вилояти Луҳанск чанд ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Иншооти ғайринизомии зиёде ҳам осеб дидаанд. Ба гуфтаи низомиёни Украина, онҳо дар тӯли 24 соати гузашта 70 ҳамлаи неруҳои Русия дар шаҳрҳои Бахмут ва Мариинкаро баргардондаанд. Ин шаҳрҳо саҳнаи набардҳои сахте байни ду тараф аст.

Артём Лисогор, сардори идораи низомии вилояти Луҳанск рӯзи 18-уми апрел гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои Русия дар рустои Новогоривка 3 сокини деҳа кушта ва як нафар маҷруҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Русия гуфт, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин ба қароргоҳҳои низомии вилоятҳои Херсон ва Луҳанск сафар кардааст, ки қисман таҳти назорати неруҳои Русия қарор доранд. Рӯзи сафарро ҳам нагуфтаанд ва воқеӣ будани видеоҳои сафари ӯ ба инҷоро мустақилона тасдиқ кардан имконнопазир аст.