21 апрел – Иди Рамазон дар Тоҷикистон

Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 21-уми апрел, таҷлил хоҳад шуд.

Дар ин бора 18-уми апрел қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ баромад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо, гуфт, санаро “тибқи далелҳои илмӣ ва бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизика” таъин карданд.

Намози Иди Рамазон соати 6:30 дақиқа муайян шудааст.

Имомхатибон вазифадор шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расондани ёрии моддӣ ба муҳтоҷон, инчунин, пешгирӣ аз исрофкорӣ дар рӯзи ид ҷалб кунанд.