Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 17-уми апрел сиёсатмадори мухолиф Владимир Кара-Мурзаро, ки ба хиёнат ба давлат, паҳн кардани иттилои нодуруст дар бораи артиши Русия ва ҳамкорӣ бо "созмони номақбул" муттаҳам буд, 25 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора хабарнигори "Интерфакс" аз толори додгоҳ иттилоъ дод.
Баррасии парвандаи Кара-Мурза моҳи марти имсол паси дарҳои баста дар додгоҳи шаҳри Маскав шуруъ шуда буд. Ба толори додгоҳ танҳо намояндагони расонаҳои давлатӣ роҳ дод шудаанд.
Додситон ба Владимир Кара-Мурза 25 сол зиндон талаб кард.
Кара-Мурзаи хурдиро моҳи апрели соли 2022 ба ҳабс гирифтанд. Вай он замон ҷанги Русияро зидди Украина танқид кард.
Ба иттилои муфаттишон, вай дар ивази 30 ҳазор доллар моҳона гуё солҳои дароз ба созмонҳои вобаста ба кишварҳои узви НАТО кумаке расонидааст, ки зидди амнияти Русия равона шуда буд.