Сомонаи Оҷонси зиддифасоди Узбекистон рӯйхати туҳфаҳои гирифтаи роҳбари ин оҷонс Акмал Бурҳоновро нашр кард. Арзиши умумии ҳашт "сувенир" ва расм 14,57 миллион сӯм баҳо дода шудааст.
Рӯзи 13-уми март дар Узбекистон дар робита ба арзиши туҳфаҳо меъёре ҷорӣ шуд, ки мансабдорони давлатӣ дар рафти сафарҳои хидматӣ, аз чорабиниҳои байналхалқӣ ва дигар чорабиниҳои расмии давлатӣ метавонанд, бигиранд.
Санад ҷорӣ кардани рӯйхати туҳфаҳоро миёни мансабдорон талаб, аммо нашри онро тақозо намекунад. Оҷонсӣ бо ташаббуси худ рӯйхат ва арзиши туҳфаҳои роҳбарро нашр кардааст.
Бино ба меъёри ҷоришуда, дар сурате ки агар арзиши туҳфаи гирифтаи мансабдор аз 1,2 миллион сӯм камтар бошад, дар ихтиёри мансабдор мемонад. Агар арзиши туҳфа аз ин маблағ бештар бошад, дар он сурат туҳфаро давлат соҳиб мешавад.