Рӯзноманигори мустақили қазоқистонӣ Думан Муҳаммадкарим, ки баъд аз интихоботи порлумонӣ 25 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда буд, ба озодӣ баромад.
Вай рӯзи 15-уми апрел аз маҳбасе дар вилояти Алмато раҳо шуд. Пушти дари маҳбас Муҳаммадкаримро хешовандон, вакили мудофеъ ва ҷонибдорон пешвоз гирифтанд. Ҳангоми дар ҳабс будан Муҳаммадкарим гуруснашинӣ эълон карда буд. Баъд аз раҳо шудан вай сабаби даст кашидан аз ғизоро шарҳ дод.
"Дар маҳбас ҳеч кадом ғизоҳо ва дастовезҳои наздикони маро қабул намекарданд. Вақте маро боздошт карданд, даъватнома надоштанд. Ба додгоҳ даъват накарданд. Маъмурони амниятӣ маро дар роҳ боздошт карданд. Нигарони хонавода будам, талаби мулоқот бо онҳоро кардам. Гуфтам, дар сурати ғайр гуруснашиниро қатъ намекунам. Онҳо ибтидо розӣ нашуданд. Баъд иҷозаи мулоқот бо падар, хоҳар ва домодамонро доданд", - гуфт Муҳаммадкарим.
Думан Муҳаммадкарим - номзади пешин ба мақоми вакилии порлумон, муаллифи канали ND дар Ютюб, ки мавзуъҳои сиёсиро баррасӣ мекунад, 21-уми март боздошт шуд.
Ӯро ба вайрон кардани тартиби ташкили гирдиҳамоӣ гунаҳкорон карданд. Муҳаммадкарим рӯзи 20 март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бо натиҷаҳои интихобот розӣ нест ва аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба гирдиҳамоӣ бароянд.