Русия бомборони сахтро дар шарқи Украинаро идома додааст

Маъмурони наҷот рӯзи 14-уми апрел ин кӯдакро аз зери вайронаҳои бино дар Словянск зинда берун оварданд.

Низомиёни Украина рӯзи 15-уми апрел гуфтанд, артиши Русия дар 24 соати гузашта бомбаборони сахти манотиқеро дар шарқи Украинаро идома додааст.

Аз ҷумла дар натиҷаи як зарба ба бинои истиқоматӣ дар шаҳри Славянск 9 нафар кушта шудаанд. Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Украина дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки неруҳои Русия ба шаҳрҳои Славянск ва Краматорск дар вилояти Донетск бо системаи мушакии S-300 13 маротиба зарба задаанд.

Павло Кириенко, раиси вилояти Донетск рӯзи 14-уми апрел гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои Русия 21 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар ҷойи дигар ва дар шаҳри Вашингтон, нахуствазири Украина Денис Шмиҳао гуфт, ки сафари якҳафтаинаи серҳосиле дар инҷо дошт ва Амрико ваъда додааст, ки ба Украина барои мубориза бо Русия 5 миллиард доллар кумаки иловагӣ мерасонад.