Федератсияи варзиши Украина тавсия дод, ки иштироки эҳтимолии варзишкорони Русияву Беларус дар мусобиқаҳо мониторинг шавад ва дар сурати иштироки онҳо дар мусобиқаҳо варзишкорони украинӣ нараванд.
Федератсияҳои байналхалқӣ ба далели ҳамлаи густардаи Русия ба Украина варзишкорони русро аз иштирок дар мусобиқаҳои биатлон, волейбол, шиноварӣ, рақси рӯи ях маҳрум карданд.
Ин маҳрумият ба мусобиқаҳои олимпӣ, ғайри олимпӣ ва паролимпӣ дахл дорад.
Моҳи марти соли 2022 Кумитаи байналхалқии паролимпӣ варзишкорони русу беларусро ба Бозиҳои Пекин роҳ надод.
Хадамоти матбуотии Кумитаи мазкур он замон гуфта буд, ки бисёре аз кумитаҳои миллӣ, тимҳо ва варзишкорон аз сабқат бо русҳову беларусҳо худдорӣ варзидаанд. Дертар Кумитаи байналхалқии паролимпӣ узвияти Кумитаи паролимпии Русияро бекор кард.