Иттиҳоди Аврупо (ИА) мувофиқат кард, ки аз ҳисоби Бунёди сулҳи Аврупо барои таъмини артиши Украина бо лавозимоти ҷангӣ то 31-уми май 1 миллиард евро ҷудо карда шавад.
Дар Шӯрои ИА гуфтанд, "ин иқдом ба иттиҳод имкон медиҳад, ки пули лавозимоти ҷангии додашуда ба Украинаро барои кишварҳои узв аз ҳисоби захираҳои мавҷуда ё тағйири афзалиятнокии фармоишҳо дар давраи аз 9-уми феврал то 31-уми майи соли 2023 ҷуброн кунад".
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар навбати худ гуфт, "ИА бо тасмими имрӯза қисми аввали тавофуқи таърихии раҳбарони иттиҳод дар бораи пуштибонӣ аз интиқоли фаврии лавозимоти ҷангӣ ба Украинаро ба маблағи 1 миллиард евро амалӣ менамояд".
Рӯзи 20-уми март 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ва Норвегия тавофуқ карданд, ки ба Украина дар давоми 12 моҳи оянда як миллион тири тӯпхона мефиристанд. Барои иҷрои ин нақша 2 миллиард евро ҷудо карда мешавад.