Созиши ҳамсояҳои Афғонистон дар бораи тарҳҳои муштарак

Нишасти Самарқанд дар бораи Афғонистон. 13-уми апрели 2023

Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон омодагии худро барои иштирок дар лоиҳаҳои зербиноӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар баён кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ дод, ки дар нишаст вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон низ суханронӣ кардааст.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Чин, Покистон, Эрон, Туркманистон, Русия ва Узбекистон дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Нишаст зери раҳбарии Узбекистон гузашт.

Муовини сухангӯйи Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон Ҳафиз Зиё Аҳмад гуфт, дар нишаст вазири умури хориҷии ин гурӯҳ Амирхон Муттақӣ ва намояндагони дигари ин гурӯҳ ширкат доштанд.

Ҷонибҳо дар мулоқот вазъи ҳозираи Афғонистон, иҷрои талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ – таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини дастрасии занони афғон ба кору таҳсил, эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти кунунии ин кишвар ва риояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро баррасӣ карданд.

Нишасти Самарқанд силсилаи нишастҳое аст, ки пас аз дигарбора ба сари қудрат омадани Толибон бар Афғонистон дар 15-уми августи соли 2021 оғоз шуд. Нишасти нахуст дар моҳи сентябри соли 2021 дар Покистон, нишасти дувум дар моҳи ноябри ҳамон сол дар Эрон ва нишасти севум ҳам дар моҳи марти соли 2022 дар Чин баргузор шуд.