"Нашри ҳуҷҷатҳои махфии Пентагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ монеи ҳамлаи ҷавобии Украина намешавад," -- гуфт фармондеҳи пешини артиши Амрико дар Аврупо Бен Хоҷес.
Ба гуфтаи вай, зарари нашри ҳуҷҷатҳои махфӣ ба Амрико расидааст, зеро ин кишвар "заъфҳо"-и худро ба намоиш гузошт.
"Як маълумоти маҳрамона он аст, ки эҳтимол Амрико гуфтугӯҳои дохили ҳукумати Куриёи Ҷанубиро гӯш мекунад. Иёлоти Муттаҳида ба ин тартиб хостааст, дақиқ кунад, ки оё Куриёи Ҷанубӣ тасмими ба Украина фурухтани таслиҳотро дорад ё на. Маҳз ҳамин нукта харобиовар аст," -- бовар дорад Хоҷес.
Вай илова кардааст, "метавон тахмин зад, ки албатта ҳама ҳамаро гӯш мекунад, аммо ин далели нороҳаткунанда будани амали мазкурро рад намекунад. Вақте ин маълумот ошкор мешавад, боис ба нороҳатӣ мегардад ва муносибатҳоро дар оянда печида мегардонад".
Нашрияҳо рӯзи 6-уми апрел навиштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои махфии Амрико ва НАТО дар бораи тақвияти нерӯҳои Украина пеш аз ҳамлаи ҷавобӣ ба Русия нашр шудааст.
Мушовири роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Украина Михаил Подоляк иттилоъро дар бораи нашри маълумоти махфӣ "бозӣ"-и мақомоти махсуси Русия номид.