Ҳабси хонагии чанд гумонбари "Парвандаи Кампиробод"

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек бар асоси дархости тафтишот фаъолон Гулнора Ҷӯрабоева, Клара Сооронқулова, Асия Сасикбоева, Улуғбек Маматаев ва Таалайбек Мадеминовро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ фиристод.

Бо қарори додгоҳ фаъоли дигар Чингиз Капаров низ ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шудааст, ки айни замон дар бемористон муолиҷа мегирад.

Ҳамаи боздоштшудаҳо аз ҷумлаи 26 ҳомии ҳуқуқ, рӯзноманигор ва сиёсатмадор - аъзои кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод ҳастанд, ки дар охири моҳи октябри соли 2022 баъди эътироз зидди созиши марзии Қирғизистон бо Узбекистон боздошт шуда буданд.

Вакилони мудофеи парвандаи мазкур гуфтанд, додгоҳ рӯзи 10-уми апрел муҳлати тафтишоти парвандаи мазкурро ду моҳи дигар дароз кард.

Мақомот дар моҳи октябри соли 2022 ин афродро бо гумони омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо боздошт карданд. Боздоштшудаҳо мегӯянд, парвандаи ҷиноӣ нисбаташон дорои ангезаи сиёсӣ аст.

Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон дар як мусоҳиба бо расонаҳои кишвараш гуфт, ки боздоштшудаҳо талоши ташкили "табаддулоти давлатӣ"-ро доштанд.