Ҳукумати Русия созишномаро дар бораи таъсиси низоми минтақавии ягонаи зиддиҳавоӣ бо Қирғизистон қабул кард. Ин санадро вазирони дифои ду кишвар соли гузашта имзо карда буданд.
Қарори ҳукумати Русия дар бораи таъсиси низоми муштараки минтақавии зиддиҳавоӣ бо Қирғизистон дар сомонаи иттилои ҳуқуқии Русия нашр шуд. Ин санадро раиси Девони вазирони Русия Михаил Мишустин имзо гузошт.
Баъд аз нашри хабар расонаҳо иттилоъ доданд, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) 10-уми апрел бо ҳамтои русаш Владимир Путин телефонӣ суҳбат кардааст.
Хадамоти матбуотии Ҷабборов иттилоъ дод, ки "раҳбарони ду кишвар масъалаҳои мубрами шарикӣ, ҳампаймонии стратегии Қирғизистону Русия ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ, минтақаӣ ва иттиҳоди ҳамгироиро баррасӣ кардаанд".
Путин 8-уми июли соли 2022 фармонро дар бораи омода кардани созишнома миёни Русия ва Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми муштараки зиддиҳавоиро имзо карда буд.
Вазири дифои Қирғизистон Бактибек Бекболотов дар ҷараёни сафараш ба Маскав дар рӯзҳои 15-16-уми августи соли гузашта бо ҳамтои руси худ Сергей Шойгу созишномаро имзо кард.