Марги шаҳрванди Узбекистон ҳангоми фирор аз пулиси Индонезия

Акс аз бойгонӣ

Яке аз узбекистониҳое, ки аз маркази муҳоҷирати Индонезия фирор карда буд, ҳангоми таъқиб ба ҳалокат расидааст.

Хабаргузории "AFP" бо истинод ба нашрияи "Daily Express" 11-уми апрел иттилоъ дод, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Индонезия ду узбекистонии фирории дигарро дастгир карданд.

Шаҳрвандони Узбекистон ба узвият дар созмонҳои террористии "Катиба ат-Тавҳид вал-Ҷиҳод" ва "ал-Қоида" гумонбар мешуданд. Ҳамчунин зидди онҳо бо ҷурми таблиғи терроризм дар Интернет айб эълом шуда буд.

Намояндаи расмии пулиси Индонезия Асвин Сирегар гуфт, шаҳрвандони Узбекистон дар маркази муҳоҷират дар шимоли Ҷакарта нигаҳдорӣ мешуданд. Онҳо субҳи 10-уми апрел бо кордҳое, ки аз анбори марказ дуздида буданд, ба кормандони пулис ҳамла карда, фирор намудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз узбекистониҳо ҳангоми таъқиб худро ба дарё партофа, дар натиҷа ғарқ шудааст. Онҳо ҳангоми фирор як корманди пулисро кушта ва се тани дигарро захмӣ кардаанд.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо баъди мулоқот бо намояндаи консулгарии Узбекистон нақшаи фирорро кашидаанд. Зеро дар Узбекистон низ онҳоро ҷазои сангин мунтазир буд", - гуфт ӯ.

Ин се шаҳрванди Узбекистон, ки аз 26 то 40 сол доранд, 24-уми марти имсол дар Индонезия дастгир шуданд. Онҳо аз шаҳри Истанбули Туркия тариқи Дубай ба Индонезия сафар кардаанд.