Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия, рӯзи 11-уми апрел ислоҳҳоро ба қонуни федералӣ “Дар бораи хидмати ҳарбӣ" қабул кардааст.
Бинобар он, ба комиссариатҳои ҳарбӣ зарур нест, ки даъватномаҳои коғазиро ба дасти ҷавонони синни хидмат ва ё наздиконашон бирасонанд.
Минбаъд даъватномаҳои электронӣ ҳам ба кор бурда хоҳанд шуд.
Андрей Картаполов, раиси Кумитаи дифои Думаи давлатӣ, гуфт, “агар шахс даъватномаи ҳарбиро нагирифт ё вонамуд кард, ки нагирифтааст, ба ӯ вақт дода мешавад, ки дар даъвати оянда ихтиёрӣ ҳозир шавад. Агар ин корро накард, нисбат ба ӯ чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ хоҳад шуд.”
Манъи рондани мошин, соҳибкории инфиродӣ ва гирифтани қарз аз бонк аз ҷумлаи маҳдудиятҳо номбар шудаанд.
Владимир Путин, президенти Русия, 30-юми март фармони даъват ба артишро имзо кард. Ин маърака то 15-уми июл идома мекунад. Қарор аст дар ин даъват 147 ҳазор нафар ба хидмат ҷалб шаванд.