Мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ҷануби Аврупо афзудааст

Италия, акс аз соли 2020

Мақомоти Италия дар робита ба афзоиши мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳолати фавқулода эълон кардаанд.

Аз ибтидои имсол тавассути баҳр бештар аз 30 ҳазор кас вориди Италия шудааст. Ин чаҳор баробар бештар аз нишондоди ҳамин давраи соли гузашта аст. Танҳо дар се рӯзи охир маъмурони наҷот ва хадамоти муҳофизати соҳил бештар аз 3 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро аз об берун овардаанд.

Манобеъ дар ҳукумати Италия мегӯянд, бандарҳои Лампедуза, Ситсилия ва дигар бандарҳои ҷанубии Италия наметавонанд, мавҷи рӯзафзуни муҳоҷиронро саришта кунанд.

Ҳукумати Италия дар ибтидои моҳи март гуфт, ташкилкунандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷазои сахт - то 30 сол зиндон хоҳанд гирифт.

Ба иттилои мақомоти Созмони Милал дар умури муҳоҷирон, аз соли 2014 тавассути баҳри Миёназамин на камтар аз 218 ҳазор муҳоҷир вориди Аврупо шуда, наздик ба 3500 кас дар об ғарқ шудаанд.

Моҳи апрели соли 2015 дар баҳри Миёназамин як киштӣ ғарқ шуд, ки бино ба маълумоти гуногун, аз 700 то 950 кас дар натиҷаи он фавтид. Ҳамагӣ 28 кас дар он ҳодиса наҷот ёфтанд. Ғарқшавии киштии мазкур бузургтарин ҳодисаи фавти муҳоҷирони ғайриқонунӣ унвон мешавад.