Вазири дифои Амрико гуфт, ба таҳқиқ идома медиҳанд

Ллойд Остин

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, рӯзи 11-уми апрел гуфт, то санҷиши сарчашмаи ифшои маълумот, ки гуё аз асрори давлатӣ иборат аст, таҳқиқи қазияро идома медиҳад.

Хабаргузории "Рейтерс" беш аз 50 санадеро аз назар гузаронд, ки дар он тамғаи "махфӣ" ва "комилан махфӣ" зада шудааст.

Ин санадҳо моҳи марти имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, зоҳиран дар он имконоти низомии баъзе аз муттаҳидон ва рақибони Амрико ошкор шудааст.

Хабаргузории "Рейтерс" мегӯяд, манбаъҳои мустақил дар бораи воқеӣ ва ё тақаллубӣ будани ин санадҳо чизе нагуфтаанд.

Дар нишасти хабарӣ дар Вашингтон вазири мудофиаи Амрико иброз дошт, ки кишвараш то ташхиси пурраи сарчашмаи маълумот ва миқёси он таҳқиқи қазияро давом медиҳад.