Дар масҷиди ҷомеи вилояти Марии Туркманистон аз намозгузорон талаб карданд, ки дар ҳаққи Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадова, модарбузурги фавтидаи президенти ин кишвар Сардор Бердимуҳаммадов дуо хонанд.
Имом-хатиби Марӣ низ хост, дар тамоми масҷидҳои Марӣ дар ҳаққи Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадова, модари президенти пешин Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ояти Қуръон тиловат карда шавад.
Ба ҷуз ин, дар саросари вилоят то 15-уми апрели имсол баргузории тӯйҳо манъ шудааст.
Тибқи иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, нозирони роҳ дар Туркманистон аз ронандагон талаб мекунанд, ки дар мошин мусиқӣ гӯш накунанд. Мониторҳои таблиғотӣ дар шаҳрҳо хомӯш карда шудаанд.
Оғулобод-эҷе Бердимуҳаммадова рӯзи ҷумъаи гузашта дар 86-солагӣ даргузашт.