Президенти Амрико Ҷо Байден дар мусоҳиба ба телевизиони NBC хабар дод, ки тасмим дорад, дар интихоботи навбатӣ номзад шавад. Интихобот дар моҳи ноябри соли 2024 дар назар аст.
Байден гуфт, тасмим дорад бори дигар интихоб шавад, аммо расман дар ин бора ҳанӯз эълом намекунад. Мушовирони Байден дар Кохи Сафед ба маъракаи эҳтимолии интихоботии вай омода мешаванд.
Ҳизби демократ, ки Байден узви он аст, ҳанӯз аз пешбарии номзади дигаре ба интихоботи навбатӣ хабар надодааст. Аз ҳизби ҷумҳурихоҳон мумкин аст, Доналд Трамп номзад шавад. Вай солҳои 2017-2021 президенти Иёлоти Муттаҳида буд. Дар айни замон, мумкин аст, эъломи айбҳо нисбат ба Трамп ӯро аз ҳаққи иштирок дар интихобот маҳрум кунад.
Аз Рон Десантис, губернатори аёлати Флорида, номзади дигари эҳтимолии ҳизби ҷумҳурихоҳон ном бурда мешавад.
Ҷо Байден 46-умин президенти Амрико аст. Вай куҳансолтарин президенти Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб меравад.