Як мансабдори Русия аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон нигаронӣ кардааст.
Раиси Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, соли гузашта 4,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ боз шуд, ки назар ба як сол пеш қариб 3 баробар зиёд аст.
Ба гуфтаи Александр Бастрикин, муҳоҷирон асосан барои иштирок дар муноқишаҳо ва расондани осеби вазнин ба саломатӣ муттаҳам ҳастанд.
Ин муноқишаҳо, ба гуфтаи раиси Кумитаи тафтишотии Русия, бештар аз сӯи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил мешаванд.
Русия мизбони чанд миллион муҳоҷир аз кишварҳои Шӯравии собиқ аст.
Баъзе аз сиёсатмадорони Русия борҳо аз ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон интиқод карда, хоҳони бархурди сахт бо онҳо шудаанд.
Аммо муҳоҷирон ва ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, мақомоти Русияро ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон муттаҳам мекунанд.