Ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот"-и Русия бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ҳавопаймоҳояшро дар Эрон таъмир мекунад. Ин иқдом ба далели таҳримҳо, ки баъди оғози ҷанги Украина зидди Русия эълом шудаанд, сурат мегирад.
РБК бо истинод ба ду манбаъ хабар дод, ки "Аэрофлот" ҳавопаймои "Airbus A330-300"-и худро мефиристад ва онро мутахассисони бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Эрон - "Mahan Air" таъмир хоҳанд кард.
Таъмири ҳавопаймоҳои русӣ дар Эрон чанд моҳ мешуд, мавриди баррасӣ қарор дошт. "Аэрофлот" қаблан ба гуруҳи ҳонконгии хидматрасонӣ ба ҳавопаймоҳои "HAECO" муроҷиат карда буд.
"Аэрофлот" 178 ҳавопаймои "Airbus" ва "Boeing" дорад.
Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои дигар охири моҳи феврали соли 2022 парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русияро дар осмони худ маҳдуд карданд.