Мутахассисони Туркия ба қудратиҳои Қирғизистон ва Озарбойҷон идораи бесарнишинҳои "Bayraktar Akıncı"-ро омӯзонданд.
Ширкати "Bayraktar" дар шабакаи иҷтимоии "Twitter" хабар дод, ки қудратиҳои Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия давраи махсуси омӯзиширо дар бораи идораи бесарнишинҳо ба анҷом расонданд.
Хабаргузории туркии "Анадолу" иттилоъ дод, ки 96 донишомӯз давраи мазкурро ба поён расонда, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
"Таҷрибаомӯзон аз Туркия, Қирғизистон ва Озарбойҷон, ки давраи омӯзиширо ба поён расонда, бо "Bayraktar AKINCI" ба кишвари худ хидмат мекунанд, табрик менамоем,", - омадааст дар иттилоияи ширкат.
Қирғизистон дар соли 2021 ҳавопаймои бесарнишини “Байрақтар ТБ-2” харид.
Раиси ҷумҳури ин кишвар, Содир Жапаров, дар моҳи октябри соли гузашта гуфт, барои навсозии таҷҳизоти низомии Қирғизистон, бахусус харидани ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Русия ва Туркия 100 миллион доллар ҷудо мекунанд.