Пас аз он ки ҳуҷҷатҳои махфии Пентагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, Киев баъзе аз нақшаҳои низомиашро тағйир додааст. Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба манобеи худ дар атрофи президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод.
Маълум нест, ки Киев кадом нақшаҳоро тағйир додааст, аммо манбаи телевизион гуфтааст, нашри ҳуҷҷатҳо Пентагонро ба коҳиш додани гардиши ҳуҷҷатҳои муҳим водор кард.
Вазорати мудофиаи Амрико ба санҷиши воқеӣ будани ҳуҷҷатҳое идома медиҳад, ки дар интернет нашр шуданд. Ҳуҷҷатҳои мазкур "зоҳиран маълумоти махфӣ ва махсусан махфиро дар бар мегиранд".
Вазорат баҳогузорӣ хоҳад кард, ки паҳн шудани ҳуҷҷатҳо ба амнияти миллии Амрико ва ҳампаймононаш чи таъсире мерасонад. Муовини сухангӯи Пентагон Сабрини Сингх гуфт, Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида таҳқиқ мекунад, ки ин санадҳо чӣ гуна дастраси умум шудаанд.
Санадҳои махфӣ, ки ба ҳамлаи ҷавобии Украина ва ирсоли аслиҳа ба Украина, теъдоди нерӯҳо, Шарқи Наздик ва Чин рабт доранд, моҳи март дар интернет нашр шуданд.
Дар санадҳо омодагӣ ва мусаллаҳсозии дастаҳое шарҳ дода шудааст, ки Украина онҳоро барои ҳамлаи ҷавобӣ истифода хоҳад кард. Бархе аз мансабдорон дар Пентагон ба расонаҳо гуфтаанд, ки санадҳо метавонанд воқеӣ бошанд.
Дар маъмурияти президенти Украина гуфтанд, санадҳо "дасткорӣ" шудаанд. Дар Киев ҳамчунин аз эҳтимол дур намедонанд, ки санадҳо моли амалиёти махсуси Маскав бошанд. Маскав дар шарҳи нашри санадҳо гуфт, "камтарин шубҳае боқӣ намондааст", ки Амрико ва НАТО ба таври мустақим ва ғайри мустақим дар низои Украина ворид шудаанд.