Бо фармони вазири кишоварзии Қазоқистон аз 8 то 28-уми апрел манъи содироти пиёз аз он кишвар ба хориҷ бекор шудааст.
Дар хабари Вазорати кишоварзии Қазоқистон омадааст, ки то 28-уми апрел иҷозаи содироти 20 ҳазор тона пиёз дода шудааст.
Дар миёнаҳои моҳи январи имсол Вазорати кишоварзии Қазоқистон фармони манъи содироти пиёзро барои се моҳ имзо кард. Дар вазорат гуфта буданд, ки фармони мазкур барои пешгирӣ аз баровардани пиёз аз кишвар имзо шуд.
Ба иттилои Бюрои омори миллӣ, дар соли 2022 ҳосили пиёз дар Қазоқистон 1,1 миллион тоннаро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки талаботи солонаи бозори дохилии Қазоқистон ба ҳисоби миёна 315 ҳазор тонаро ташкил медиҳад.
Захираи пиёз дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 152,4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин миқдор пиёз, ба иттилои мақомоти кишоварзии Қазоқистон, то ҳосили нав кифоят мекунад. Ба ин далел манъи содирот бекор шудааст.