Зеленский ҳамлаҳои Русияро дар арафаи ид маҳкум кард

Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳури Украина рӯзи 9-уми апрел ҳамлаҳои Русияро маҳкум кард.

Владимир Зеленский гуфт, “давлати террористӣ ба ин тарз якшанбеи арафаи идро ҷашн мегирад”.

Рӯзи 9-уми апрел бар асари ҳамлаи Русия дар минтақаи ҷанубу шарқии Запорожйе панҷ нафар, аз ҷумла як духтари 11-сола ба қатл расид.

Аксар аҳолии Русия ва Украина пайрави мазҳаби православии дини насронӣ буда, якшанбеи оянда иди фусҳоро ҷашн мегиранд.

Тибқи анъанаи ин мазҳаб якшанбеи 9-уми апрел арафаи ид буд.

Вазорати мудофиаи Русия иддао дорад, ки дар Запорожйе дар натиҷаи ҳамла ба анбори маводи сӯхт 70 ҳазор тонна сӯзишвориро аз байн бурд.

Украина иддао дорад, ки як пойгоҳи зиддиҳавоии нерӯҳои таҷовузгари Русияро маҳв кардааст. То ҳол ин хабар аз тарафи манбаъҳои мустақил тасдиқ ё рад нашудааст.