То 1-уми апрели имсол 4575 қазоқтабор аз хориҷа ба ватани таърихии худ баргашта, соҳиби мақоми кандаса шудаанд. Дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон гуфтанд, бештар аз нисфи ин теъдод аз Узбекистон ҳастанд.
Ба иттилои ин ниҳод, 52,4 дарсад аз Узбекистон, 19,3 дарсад аз Чин, 13 дарсад аз Русия, 6,3 дарсад аз Туркманистон, 5,3 дарсад аз Муғулистон ва 3,7 дарсад қазоқтаборон аз кишварҳои дигар ба Қазоқистон кӯчидаанд.
Аз маҷмӯи қазоқтабороне, ки то 1-уми апрел ба Қазоқистон кӯчидаанд, 69,1 дарсад қобили меҳнат, 22,3 дарсад камтар аз синни меҳнат ва 8,6 дарсад нафақахӯр ҳастанд.
Соли гузашта мақомоти Қазоқистон хабар дода буданд, ки ҳамчун озмоиш барои дарёфти шаҳрвандии Қазоқистон аз соли 2023 имтиҳони забони қазоқӣ ҷорӣ мекунанд.
Дар маҷмуъ аз соли 1991 то ин замон, ба иттилои вазорати меҳнатӣ Қазоқистон, 1 миллиону 111,1 ҳазор қазоқтабор ба ин кишвар кӯчидаанд.