Мурод Раҷабов, ҳунарпешаи мардумии Узбекистон, пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт. 74 сол дошт.
Ӯ 30-юми марти соли 1949 зода шуда, соли 1971 Донишкадаи театрӣ ва рассомии Тошкандро хатм кардааст.
Корро дар синамо соли 1973 бо нақшҳои хурд оғоз бахшид.
Дертар филмҳои "Шайтанат", "Сарвиноз", "Зани аҷоиб", "Марди оҳанӣ", "Суперкелинчак" ва дигарон ба ӯ шуҳрат оварданд.