Дар пайи ҳамлаи чанд рӯзи охир, ки боис ба кушта шудани се нафар, аз ҷумла як сайёҳи итолиёӣ дар шаҳри Тел-Авив ва ду исроилӣ дар соҳилҳои ғарбии рӯди Урдун гардид, Исроил рӯзи 8-уми апрел сафарбарии нерӯҳои эҳтиётиро ба артиш эълон кард.
Баъд аз як муноқишаи ходимони полиси Исроил бо фаластиниҳо дар дохили масҷиди "Ал-Ақсо" рӯзи 5-уми апрел даъватҳо ба хештандорӣ шунида намешаванд ва мавҷи хушунатҳо боло мегирад.
Исроил дар посух ба мушакандозиҳои фаластиниён дар Ғаззаву Лубнон бомба партофт.
Рӯзи 7-уми апрел, вақте як араби исроилӣ бо мошинаш ба издиҳоми мардум дар соҳилҳои Тел-Авив бархӯрд, як сайёҳи истолиёӣ кушта ва ҳафт ҷаҳонгарди дигар маҷрӯҳ шуданд. Полис гуфт, ронанда кушта шуд.