Рӯзи 8-уми апрел дар Краматорски Украина хотираи 61 нафареро гиромӣ доштанд, ки соли 2022 бар асари афтодани мушаки Русия кушта шуданд.
Гулу гулдастаҳои сокинон дар назди як лавҳаи хурди хотираи қурбониён гузошта шуд.
Соли гузашта дар ҳамин рӯз мушаке ба истгоҳи серодами роҳи оҳан афтод.
Ин ҳодисаи пурқурбонитарин баъд аз ҳуҷуми беасоси Русия ба Украина гардид. Русия 24-уми феврали соли 2022 ба хоки кишвари ҳамсоя ҳамла кард.
Дертар ҳисоб шуд, ки ҳангоми ҳамла дар ин макон тахминан 4 ҳазор ғайринизомӣ буд. Беш аз 160 нафар захмӣ шуд.