Ҳукумати ИМА қазияи ба берун роҳ ёфтани санандҳои махфӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои вобаста ба ёриҳои ИМА ва НАТО ба Украинаро таҳқиқ мекунад. Нусхаҳои санадҳои давлатие, ки дар бораи кори ҳамарӯзаи низомиёни амрикоӣ гувоҳӣ медиҳанду вале дар мазҳари ом нашр намешаванд, ахиран дар саҳифаҳои Twitter ва Telegram-каналҳои наздик ба ҳукумати Русия мечарханд.
Ин санадҳо аз таърихи 23-юми феврал то 1-уми мартро дар бар мегиранд ва ҳадди аққал якеи онҳо дар болояш ишораи “бисёр махфӣ”-ро дорад. Аммо ин санадҳо нақшаҳои ҷанг ваё ҷузъиёти вобаста ба амалиёти муқовимати украиниҳо ба русҳоро дар бар намегиранд.
Сабрина Сингҳ, як сухангӯи вазорати дифоъ шоми 6-уми апрел гуфт, ки Вашингтон чӣ гуна ба шабакаҳо роҳ ёфтани нусхаҳои ин санадҳоро меомӯзад. Дар ин санадҳо, аз ҷумла, ҷузъиёти интиқоли силоҳ ба Украина, нирӯмандии баталйонҳо ва дигар иттилои ҳассос вуҷуд дорад. Сигҳ гуфт: “Мо дар бораи нашри гузоришҳо дар шабакаҳо хабар дорем ва департаменти давлатӣ онҳоро месанҷад”.
Пентагон нахост дар бораи мансубияти ин санадҳо гап занад. Берун рафтани чунин санадҳои ҳассос як ҳолати ғайримуқаррарӣ ва айни замон мушкилзо барои Украина мебошад.
Дар изҳороти дафтари президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 7-уми апрел гуфта шуд, ки ӯ бо раҳбарони низомӣ ҷаласае барпо кард ва ширкатдорон “сари роҳҳои пешгирӣ аз берун рафтани иттило дар заминаи нақшаҳои нирӯҳои дифоии украинӣ тамаркуз карданд”.
Михайло Подоляк, ёвари Зеленский дар сӯҳбат бо Reuters гуфт, ба назар мерасад, ки ин кори таблиғоти Русия аст, ки бо ҳадафи осебрасонӣ ба амалиёти муқовимати украиниҳо карда шудааст. Подоляк гуфт, дар ин нусхаҳо иттилои хеле зиёди “сохаткоришуда” дида мешавад.
Русия ин хабарҳоро ҳанӯз шарҳ надодааст.