Талаби 25 сол зиндон ба мухолифи ҳукумати Русия

Кара-Мурза дар толори додгоҳ

Додситони Русия ба сиёсатмадори мухолиф Владимир Кара-Мурза 25 сол зиндон талаб кард. Дар ин бора вакили мудофеъ Мария Эйсмонт хабар дод.

Эйсмонт гуфт, Кара-Мурза аз замони боздошт то ҳоло 17 кило лоғар шудааст.

Кара-Мурзаро ба паҳн кардани "фейк" дар бораи артиши Русия, иштирок дар кори "созмони номақбул" ва хиёнат ба давлат муттаҳам мекунанд.

Сиёсатмадор ва рӯзноманигори рус Владимир Кара-Мурзаи хурдӣ дар ҳабс аст. Ба иттилои тафтишот, вай дар ивази 30 ҳазор доллар моҳона гуё солҳои дароз ба созмонҳои вобаста ба кишварҳои узви НАТО мадад расондааст, ки зидди амнияти Русия равона шуда буд.

Кара-Мурзаи хурдиро моҳи апрели соли 2022 ба ҳабс гирифтанд. Вай он замон ҷанги Русияро зидди Украина танқид кард.