Эътироз бо сӯзондани Қуръон. Додгоҳи Шветсия қарори пулисро бекор кард

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Шветсия қарори пулиси ин кишварро, ки баргузории ду гирдиҳамоиро бо сӯзондани Қуръон манъ карда буд, бекор кард.

Додгоҳи олии маъмурии Шветсия гуфтааст, нигарониҳои пулис, ки моҳи феврали имсол баргузории эътирозҳоро бо сӯзонидани Қуръон ба далели амниятӣ манъ кард, ҷиддӣ набуданд ва бояд ба баргузории онҳо иҷозат дода мешуд.

"Мақомоти пулиси Шветсия барои ин қарорҳои худ асоси кофӣ надошт", - изҳор доштааст додрас Ева Лотта Хедин.

Пулиси Шветсия иҷозат надод, ки моҳи феврали имсол дар назди сафорати Ироқ ва Туркия дар Стокҳолм ҳамоишҳои эътирозӣ бо сӯзонидани Қуръон баргузор карда шавад. Пулис гуфт, эътирози ҳамсони моҳи январ Шветсияро ба "ҳадафи ҳамлагарон" табдил додааст.

Сӯзонидани Қуръон дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм дар моҳи январи имсол нигарониҳои ҷиддиеро дар кишварҳои мусулмонӣ ва даъватҳо ба таҳрими маҳсулоти он кишвар ба миён овард. Ҳамчунин боиси ба таъхир афтодани баррасии дархости узвияти Шветсия дар НАТО шуд.