Пас аз 7 сол қатъи робитаҳои дипломатӣ, вазирони умури хориҷии Эрону Арабистони Саудӣ, ду рақиб дар Ховари Миёна, дар Чин мулоқот кардаанд.
Дар ин бора рӯзи 6-уми апрел телевизиони давлатии “Ал-Ахбория”-и Арабистони Саудӣ хабар дод.
Мулоқот бар асоси созиши барқарории муносибатҳои ду кишвар сурат гирифтааст.
Эрону Арабистони Саудӣ моҳи гузашта бо миёнҷигарии Чин тавофуқ карданд, ки муносибатҳои дипломатиашонро барқарор намоянд.
Соли 2016 баъд аз қатли як рӯҳонии шиамазҳаб дар Арабистони Саудӣ, издиҳоми мардум ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон ҳамла бурданд ва Саудӣ ҳам муносибатҳои дипломатиро бо Эрон қатъ кард.