Ҳамкории Русия ва Чин барои сензураи Интернет

Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилотӣ ва иртибототи Русия ё "Роскомнадзор" ва Маъмурияти киберии Чин дар самти назорати Интернет аз соли 2017 табодули таҷриба мекунанд.

Дар ин бора тарҳи "Система" бо истинод ба санаде иттилоъ додааст, ки дар мулоқоти пӯшидаи намояндагони ду кишвар ба имзо расидааст.

Ба гузориши “Система”, яке аз ин мулоқот моҳи июни соли 2017 дар ҷараёни сафари президенти Чин Си Ҷинпин ба Маскав баргузор шуда буд.

Ҷониби Русия ба "механизмҳои иҷозатдиҳӣ ва фаъолияти назоратӣ"-и мақомоти Чин дар робита ба расонаҳо ва блогерҳо, ҳамчунин тарҳи умумии "Сипари тилоӣ"-и чинӣ, ки бо он давлат трафики Интернетро сензура мекунад, таваҷҷуҳ намудаанд.

Раҳбарияти "Роскомнадзор" ва Маъмурияти киберии Чин 17-уми июли соли 2019 низ мулоқоти пӯшидаеро анҷом додаанд.

Ҷониби Русия дар пасманзари талошҳои нокоми худ барои бастани паёмакрасони "Telegram" таваҷҷуҳ кардааст, ки оё Чин барои муайян ва бастани "муҳтавои мамнуъ" аз зеҳни сунъӣ истифода мекунад ё не.

Тарафҳо моҳи октябри соли 2019 дар бораи мубориза бо иттилооти мамнуъ дар Интернет созишнома имзо карданд. "Система" ҳадди ақал дар бораи се мавриде иттилоъ дорад, ки мақомоти Русия муҳтавоҳоро бо дархости ҳамтоёни чинии худ масдуд кардаанд.

Расонаҳо пас аз сафари президенти Чин ба Русия дар моҳи марти имсол хабар доданд, ки гурӯҳи 41-нафарии мутахассисони соҳаи киберӣ ба Маскав рафтаанд. Ба иттилои расонаҳо, коршиносони Чин дар якҷоя бо ҳамтоёни руси худ "харитаи роҳро барои бастани пурраи YouTube" таҳия мекунанд.