Русия ба Беларус маҷмаи "Искандар-М" додааст

Русия. Акс аз соли 2017

Нерӯҳои низомии Беларус аз Русия маҷмаи "Искандар-М" гирифтаанд, ки имкони истифодаи мушакҳои ҳастаиро доранд.

Қисме аз ҳавопаймоҳои зарбазани Беларус ҳамчунин имкони зарба задан бо "василаҳои ҳастаӣ"-ро пайдо кардаанд. Дар ин бора вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу хабар дод.

Ба гуфтаи вай, "рӯзи 3-юми апрел дар яке аз полигонҳои Русия омӯзиши нерӯҳои Беларус барои тартиби истифодаи силоҳҳои мазкур шуруъ шудааст".

Дар охири моҳи марти имсол президенти Русия Владимир Путин хабар дод, ки дар Беларус силоҳи тактикии ҳастаӣ ҷо карда мешавад. Путин гуфт, роҳбарияти Беларус дар ин бора дархост кардааст.

Дар посух ба ин хабар мақомоти Украина баргузории ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милалро даъват карданд.

Роҳбари мақомоти дипломатии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел гуфт, дар сурати ҷо кардани силоҳи ҳастаӣ дар Беларус, Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Минск ва Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.