Толибон мегӯянд, 6 узви ДОИШ-ро дар Балх куштаанд

Нерӯҳои Толибон

Толибон дар Афғонистон мегӯянд, ки шаби 3-юми апрел дар як амалиёте дар вилояти Балх 6 узви ҳалқаи “Хуросон”-и гуруҳи “Давлати исломӣ”-ро куштанд.

Муҳаммадосиф Вазирӣ, сухангӯи Толибон, рӯзи 4-уми апрел гуфт, ин 6 нафар дар як паноҳгоҳ дар ноҳияи Наҳри Шоҳӣ куштаанд.

Ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ, ки аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иборатанд, баъди бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон ба як рақиби онҳо дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон табдил шуд.

Моҳи марти имсол яке аз маргталабони ин гуруҳ волии Толибон дар Балх ва се нафари дигарро кушта буд.